Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи андоз, барномаи Tax Free ба колоҳои мухталиф, аз ҷумла меваҷот, чормағз, маҳсулоти косметикӣ, чарм ва мӯина дахл дорад.
Барои гирифтани ҷуброн маблағи харид бояд камаш 1 миллион сӯм бошад.
Қаблан ин система дар панҷ фурудгоҳи дигари Ӯзбекистон – Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Урганч ҷорӣ карда шуда буд.
Қарор аст, дар ояндаи наздик системаи Tax Free дар тамоми фурудгоҳҳои кишвар ҷорӣ шавад.