Дар Ӯзбекистон аз соли 2026 меъёри сифрии ААИ барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҷорӣ мегардад

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ намудани тартиби соддакардашудаи ҳисоб кардани андози арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ» (№ФП–153 аз 04.09.2025) қабул гардид.

    Ҳадафи асосии қабул гардидани ин фармон се маротиба зиёд кардани муомилоти расмии мол дар соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2026–2027 муайян шудааст.

    Мувофиқи ҳуҷҷат, аз 1 январи соли 2026:

    барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои пахта ва ғалла), ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад, меъёри сифрии ААИ ҷорӣ карда мешавад;

    рӯйхати ин маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи андоз тасдиқ гардида, дар сомонаҳои расмии онҳо нашр карда мешавад;

    тартиби ҷуброн (баргардонидан)-и маблағи ААИ, ки барои молҳо (хизматҳо)-и харидашудаи марбут ба парвариши маҳсулоти дар Рӯйхат зикршуда пардохта шудааст, амал мекунад;

    ҷуброн (баргардонидани) ААИ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои пахта ва ғалла) дар муҳлати се рӯз ба таври автоматикӣ амалӣ карда мешавад;

    низоми таҳлили автоматикӣ дар вақти воқеӣ барои ҳисоботи электронӣ-фактураҳо вобаста ба дараҷаи хатар ҳангоми ҳисоб кардани маблағи ААИ дар занҷири ягонаи таъминоти молҳо, ки бо иштироки коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор таҳия шудааст, ҷорӣ карда мешавад.

    Дар баробари ин, барои ҳисоботи электронӣ-фактураҳое, ки дараҷаи баланди хатар доранд, чунин шартҳо пешбинӣ мегардад:

    ҳиссаи онҳо набояд аз 10 фоизи шумораи умумии ҳисоботи электронӣ-фактураҳо, ки дар давраи ҳисоботӣ тартиб дода шудаанд, зиёд бошад;

    ҳисоб намудани маблағи ААИ пас аз пурра ба буҷет пардохтани он аз ҷониби фурӯшанда (таъминкунанда) ё харидор (фармоишгар) амалӣ мегардад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates