Дар Деҳлӣ машварати сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ўзбекистону Ҳиндистон баргузор мегардад

    11 майи соли 2022 дар Деҳлӣ даври 15-уми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад.

    Ҳайати Узбакистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фурқат Сидиқов раҳбарӣ мекунад.

    Ба рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ўзбекистону Ҳиндистон, густариши ҳамкории бисёрҷанба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайра вороид карда шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ қаблан ҳосилшуда, инчунин мусоидат ба ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, рушди "сабз", инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, нақлиёт ва логистика, мубодилаи фарҳангӣ-гуманитарӣ зоҳир мегардад.

    Муҳокимаи пешомадҳои инкишофи алоқаи байниминтақавӣ пешбинӣ шудааст.

    Дар ҷараёни машваратҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates