Ба иттилои хидмати матбуоти Федератсияи гӯштии камарбанди Ӯзбекистон, писарон дар гӯштии камарбандӣ ва тарзи озод дар вазнҳои 52, 62, 68, 75, 82, 90, 100 ва беш аз 100 кило ва духтарон дар вазнҳои 48, 52, 58, 66, 76 ва беш аз 76 килограмм қувва хоҳанд озмуд.
Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ, ҳокимияти вилояти Ҷиззах, Федератсияи байналхалқии гӯштии камарбанд (IBWA), Федератсияи гӯштии камарбанди Ӯзбекистон ва як қатор вазорату идораҳо корҳои омодагиро анҷом медиҳад, хабар медиҳад ӮзА.
Варзишгароне, ки дар ин чемпионат ҷои якумро гирифтанд, бо мукофотҳои пулӣ ба миқдори 10 миллион сӯм мукофотонида мешаванд. Барои ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан ҳафт ва панҷ миллион сӯмӣ мукофот супурда мешавад.