Дар Ҷиззах ёвари судя ҳангоми гирифтани 300 доллар боздошт шуд

    Бехатарӣ 29 Sentabr 2025 376

    Ёвари додраси Суди байниноҳиявии корҳои шаҳрвандии вилояти Ҷиззах дар ноҳияи Дӯстлик бо истифода аз мақоми хидматии худ ба боварии зане аз ноҳияи Мирзачӯл даромада, аз зан бо ваъдаи кӯмак расонидан ҷиҳати тезонидани ҷараёни ҷудошавии вай аз шавҳараш ва тақсими молу мулк 300 доллари ИМА талаб кардааст.

    Дар рафти гузаронидани амалиёти фаврӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Департаменти назди Прокуратураи генералӣ, ӯ дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда дастгир шуд.

    Ҳоло нисбати ӯ бо банди «в», қисми 3-юми моддаи 168 ва қисми 1-уми моддаи 211 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, чораи пешгирии ҳабс татбиқ шудааст. Тафтиш идома дорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates