Дар ифтитоҳи чорабинӣ консули генералӣ дар Дубай Алишер Саломов ба иштирокчиёни фестивал дар бораи ислоҳоти дар соҳаҳои гуногун дар Ӯзбекистон гузаронидашуда муфассал маълумот дода, инчунин оид ба самтҳои асосии сиёсати ҷавонон, ки дар мамлакати мо дар доираи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав татбиқ мегарданд, нақл намуд.
Дар ин ҷашнвора гурӯҳҳои ҷавони хореографии Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Булғористон, Қазоқистон, Русия ва Белорус ширкат карданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Дар чорабинӣ ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, ҳамватанон дар АМА, намояндагони ВАО, блогерҳо ширкат варзиданд.
Иштироккунандагон ва ҳайати жюри барномаи консертии ҷамоаи моро бехтарин ҳисоб карданд. Аз рӯи натиҷаҳо намояндагони мо ҳои якумро гирифтанд.