Қобили зикр аст, ки “Carter Brown Global” соли 2015 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони металлу маъдан, нафту газ, маҳсулоти нафту кимиё ба Ҳиндустон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо мебошад. Ширкати ба мизоҷони худ номгӯи васеи маъданҳо, равғанҳо ва ингредиентҳои кимиёвии сифати байналмилалии аз истеҳсолкунандагони баландсифатро интиқол медиҳад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Ба мусоҳибон дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026, ислоҳоти минбаъдаи рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суръати баланди рушд, фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, имтиёзу афзалиятҳо ба сармоягузорон, инчунин заминаи ҳуқуқие, ки ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро кафолат медиҳад, маълумоти муфассал дода шуд.

 Зимни суҳбат роҳбари ширкати “Carter Brown Global» Муҳаммад Ал-Алӣ изҳор дошт, ки ширкат омода аст бо ҶММ «Uzkimyoimpeks» ҷиҳати воридоти маҳсулоти худ тавассути Амороти Муттаҳидаи Араб ба кишварҳои Ховари Миёна ва ба роҳ мондани муносибатҳои воридоту содирот дар байни фирмаҳои ҳар ду мамлакат, меморандуми дуҷониба ба имзо расонад.

Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи ба соҳибкор расондани кумаки дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ аз ҷониби намояндагиҳои хориҷии Ӯзбекистон дар АМА, инчунин ташкили сафари роҳбари «Carter Brown Global» дар ояндаи наздик ба мамлакати мо тафовуқ ҳосил шуд.