1-умин Форуми байниминтақавии сармоягузории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд

    Сармояҳо 9 Iyun 2021 1111

    9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар, дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1-умин Форуми байниминтақавии сармоягузории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини Сарвазир - вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, палатаҳои савдову саноат, сарони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар, инчунин тақрибан 300 соҳибкор аз вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

    Роҳбарони ҳайатҳои ҳарду кишвар форумро ифтитоҳ намуда, иқтидори назарраси тавсеаи шарикии иқтисодӣ, ташкили истеҳсолоти муштараки технологияҳои олӣ, барқарор намудани робитаҳои кооперативӣ барои истеҳсоли маҳсулоти серхаридор ва азхудкунии бозорҳои умедбахшро қайд карданд ва намояндагони ҷомеаҳои соҳибкории Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол ва муваффақиятнок даъват карданд.

    Роҳбарони ҳайатҳои ду кишвар дар бораи самтҳои таҳкими шарикии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳарф зада, ба рушди робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷӯҳи хоса доданд. Қайд карда шуд, ки наздикии ҷуғрофӣ ва логистикаи қулай барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди савдои тарафайн шароити бесобиқа мусоид фароҳам меорад. Дар робита ба ин, таъкид шуд, ки роҳбарони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишварро зарур аст, ки корҳои муштаракро барои таҳияи лоиҳаҳои нав ва дастгирии соҳибкорон дар татбиқи ташаббусҳои муштараки тиҷоратӣ тақвият диҳанд.

    Эълон карда шуд, ки бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки умедбахш дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт Фонди сармоягузории Ӯзбекистон-Тоҷикистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллар таъсис дода мешавад.

    Дар ҷараёни форум роҳбарони минтақаҳо ва идораҳои соҳавии ду кишвар низ маърӯзаҳо карда, дар шакли презентатсияҳо диди худро оид ба имкониятҳои ҳамкории сармоягузорӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххасро барои татбиқи муштараки лоиҳаҳои нави ҳамкории саноатӣ дар чунин соҳаҳо, мисли саноати автомобилсозӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ ва саноати электротехника, инчунин кишоварзӣ пешниҳод карданд. Инчунин дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқотҳои мақсадноки иштирокчиён дар форматҳои "B2G" ва "B2B" ва маросими имзои ҳуҷҷатҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВССХ ҶӮз.

    Бинобар ҷамъбасти форум созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, созишномаҳо оид ба ташкили корхонаҳои муштарак оиди истеҳсоли автомобилҳо, трансформаторҳо, техникаи маишӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, маҷмааҳои гармхонаҳо ва корхонаҳо оид ба парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот, инчунин як қатор шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд. Маблағи умумии бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда 730 миллион долларро ташкил дод.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates