Дар Фарғона схемаи коррупсионӣ бо иштироки ёварони ҳоким ва масъулони бонкҳо ошкор шуданд

    Бехатарӣ 2 Iyun 2025 736

    Ба номи дигар шаҳрвандон кредит расмӣ кардани ду нафар ёварони ҳоким ва кормандони бонк ошкор гардид.

    Гуфта мешавад, бонкдори маҳалла, ки дар Маркази хидматҳои бонкии Ӯзбекистон – бонки саҳҳомии тиҷоратии “Халқ банки” кор мекард, бо муовини мудири ин марказ ҳамдастӣ карда, бар ивази ба номи 2 нафар шаҳрванд ҷудо кардани 66 млн. сӯм кредит 10 миллион сӯм талаб мекунад.

    Дар ҷараёни амалиёти зудамаи муштараки Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ бонкдори маҳалла ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

    Дар рафти санҷиши пеш аз тафтиш маълум гардид, ки вай барои додани кредит 600 ҳазор сӯм ва муовини мудири бонк 920 ҳазор сӯм гирифтааст.

    Инчунин, шахсони мансабдори Маркази хидматҳои бонки Ӯзбекистон – “Халқ банки”, ду ёвари ҳокими ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияи Ӯзбекистон ва роҳбари ҶММ, ки ба савдои яклухт тахассус дорад, бо асноди қалбакӣ ба шаҳрвандони дигар ба маблағи 153 миллион сӯм кредит ҷудо карда, онро нақд намуда, ғорат кардаанд.

    Ҳоло алайҳи ин афрод бар асоси моддаи 168, қисми 3, банди "в"-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    Бояд гуфт, ки муовини сардори Маркази хидматҳои бонк солҳои 2000 ва 2015 бо қисми якуми моддаи 168 ва қисми якуми моддаи 211-уми Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуда бошад ҳам, аз хатоҳои худ хулосаи дуруст набаровардааст.