Дар Фарғона маросими тантанавии ба кор андохтани хатти коркарди гармии маъдани дар Осиёи Марказӣ ягона баргузор шуд

    Саноат 31 Oktabr 2022 1285

    Дар корхонаи муштараки «Uzsungwoo» дар вилояти Фарғона ягона сехи коркарди гармии металл бо арзиши лоиҳавӣ 10 миллион доллар ба истифода дода шуд.

    Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти раёсати вилоятии Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

    Сех пурра автоматӣ кунонда, дар асоси технологияи навтарин кор мекунад ва бо таҷҳизот барои буридан, пресскунии гарм ва лазерӣ буридани маъдан аз чунин истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ, монанди «Schuler», «Prima Power», «Benteler», «Aotto» ҷиҳозонида шудааст.

    Дар натиҷаи ба кор андохтани хатти нав 120 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли солонаи корхона ба 95 миллион доллар мерасад. Иқтидори худи хатти коркарди оҳан дар як сол 2,4 миллион адад маснуотро ба маблағи беш аз 19 миллион доллар ташкил медиҳад.

    Раванди нави технологӣ инчунин имконият медиҳад, ки 20 намуди ҷузвҳо барои автомобилҳои Tracker ва Onix, ки дар кишварамон истеҳсол мегарданд, маҳаллӣ гардонда шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Барои маълумот: аз давраи ташкилёбиаш - соли 2012 инҷониб КМ “Uzsungwoo LLC" ба вилоят қариб 60 миллион доллар сармоя ворид намуд. Корхона, ки дар саноати автомобилсозии Ӯзбекистон мавқеи устувор дорад, 10 сол боз беш аз 300 номгӯи қисмҳои штампу кафшери мошинҳои калону миёна истеҳсол мекунад. Дар ин ҷо 900 нафар мутахассисон бо кор таъмин карда шудаанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates