Дар Фарғона оркестри асбобҳои миллӣ ва оркестри симфонӣ таъсис дода мешавад

    Фарҳанг 31 Iyul 2025 1198

    Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 июли соли 2025 № ҚП-231 оид ба тарғиби васеи дастовардҳои санъати мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ миёни аҳолӣ чораҳои иловагӣ муайян карда шуданд.

    Ин ҳуҷҷат ба баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои фарҳангӣ ба аҳолӣ, тарғиби минбаъдаи асарҳои беҳтарини мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар минтақаҳо, инчунин муайян кардани иҷроичиёни умедбахши ҷавон ва мусоидат ба рушди истеъдоди онҳо нигаронида шудааст.

    Дар таркиби шуъбаи вилояти Фарғонаи Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ду ансамбли нав — Оркестри асбобҳои миллии Фарғона ва Оркестри симфонии Фарғона таъсис дода мешаванд.

    Аз 1 сентябри соли 2025 барои фаъолияти Филармонияи вилоятии Фарғона 72 воҳиди иловагии корӣ ҷудо мегардад, ки аз ин 50 воҳид барои Оркестри симфонӣ ва 22 воҳид барои Оркестри асбобҳои миллӣ пешбинӣ шудааст.

    Барои кормандони ин ду оркестр меъёрҳои маош ва ташвиқи моддӣ мувофиқи стандартҳои муассисаҳои давлатии фарҳанг ва бойгонӣ татбиқ мешаванд.

    Ҳокимияти вилояти Фарғона то поёни соли 2025 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои Филармонияи вилоятии Фарғона маблағ ҷудо мекунад, то як автобуси калонҳаҷми истеҳсоли хориҷиро харидорӣ намояд. Ин автобус барои баргузории барномаҳои консертӣ ва намоишҳои Оркестри симфонӣ ва Оркестри асбобҳои миллӣ истифода мешавад.

    Барномаҳои консертии оркестрҳо пайваста дар амфитеатре, ки дар ҳудуди маҷмааи “Eсо City” ҷойгир аст, инчунин дар ҷойҳои дигари мусоиди шаҳри Фарғона, ки аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон зиёд ташриф меёоранд, баргузор мегарданд.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузорӣ нашр гардида, аз 30 июли соли 2025 эътибор пайдо кард, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates