Дар Олмон дар намоишгоҳи "BIOFACH 2022" муаррифии истеҳсоли маҳсулоти органикии Ӯзбекистон баргузор гардид

    Айни замон як ҳайати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар намоишгоҳи маҳсулоти органикӣ «BIOFACH 2022», ки дар Нюрнберги Олмон ҷараён дорад, иштирок мекунад.

    Дар доираи намоишгоҳ вохӯрии сарнозири Ташкилоти федералии кишоварзӣ ва озуқавории назди Вазорати федералии кишоварзӣ ва озуқавории Олмон Анна Кобер, сардори раёсати кишоварзии органикӣ ва рушди кишоварзии оптималӣ Анвар Ҷуманов, проректори Институти кишварзӣ ва агротехнологияи Андиҷон М Атаҷонов баргузор гардид.

    Дар рафти муколама оид ба тартиби тамғагузории маҳсулоти органикӣ бо тамғаи олмонии BIO, воридоти маҳсулоти органикӣ ба Олмон, коркард ё бастабандии онҳо машваратҳо гирифта шуданд. Дар ҷараёни музокирот қарор шуд, ки дар мавриди воридоти маҳсулоти органикӣ ба бозори Олмон тавофуқномаи мутақобила банданд ва ҳамкорӣ кунанд.

    Илова бар ин, ҳайати вазорат бо Андрей Лозан, мушовири техникии "АФС", оид ба равандҳои субсидияи маҳсулоти органикӣ машварат кард. Дар баробари ин, ба салоҳияти кишварҳои пешрафта дар ҷудо кардани субсидияҳо ҳангоми гузаштан ба кишоварзии органикӣ эътибор дода шуд. Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва тартиби субсидияи кишоварзии органикӣ низ баррасӣ шуданд.

    Дар намоишгоҳ презентатсияҳои махсуси шиносоӣ оид ба раванди парвариши маҳсулоти органикӣ дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати кишоварзӣ.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates