Мувофиқи маълумоти ҳокимияти вилояти Тошканд, ҳайати намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Нурафшон бо роҳбарияти бузургтарин ширкати чинӣ «Extol Global Capital Pte. Ltd» ва дигар сармоягузорони вилояти Чжэсзян музокирот гузаронданд.
Гуфта мешавад, ки дар минтақа таъсиси кластери масолеҳи сохтмонӣ, инчунин сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти косметикӣ, маҷмааи истиқоматӣ, меҳмонхона ва тарабхона дар минтақаи тиҷоратии «Nurafshon Business City» ба нақша гирифта шудааст.
Бар асоси натиҷаҳои вохӯрӣ, созишномаҳо оид ба ҳамкории муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 106 миллион доллари ИМА ба даст омаданд. Бо мақсади таъмини амалӣ шудани саривақтӣ ва самараноки созишномаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратӣ «Харитаи роҳ» таҳия шудааст.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки намояндагони ҳайати шаҳрҳои Янгийул, Олмалиқ ва Ангрени вилояти Тошканд бо соҳибкорон ва сармоягузорони вилояти Чин музокирот гузаронида, бар асоси натиҷаҳои он татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.