Ба сабаби шароити номусоиди обу ҳаво маросими анъанавӣ, ки одатан дар варзишгоҳи бостонии Олимпия бо афрӯхтани оташ аз нури офтоб тавассути оинаи параболӣ баргузор мешавад, ба Осорхонаи бостоншиносӣ кӯчонида шуд. Барои оташгирии расмӣ шуълаи эҳтиётӣ, ки дар вақти машқи умумӣ гирифта шуда буд, истифода гардид.
Дар ин чорабинӣ президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Кирсти Ковентри, президенти Юнон Константинос Тасулас ва президенти фахрии КБО Томас Бах иштирок карданд.
Пас аз анҷоми қисми юнонии эстафета шуъла ба Италия фиристода мешавад. Он 26 январ ба Кортина-д'Ампессо — дақиқан баъди 70 сол аз маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи соли 1956, ки дар ҳамин шаҳр доир шуда буд, мерасад.
Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026 аз 6 то 22 феврал баргузор мегарданд.








