Дар автобус, ки ба самти пойтахти иёлот – Ҳайдаробод, ҳаракат мекард, тақрибан 70 мусофир қарор дошт. Мошини боркаш сангреза мебурд. Ҳангоми садама, он ба автобус чунон сахт бархӯрдааст, ки як қисми бор ба мошин рехта, мусофиронро банд кардааст.
Хадамоти наҷот ба ҷои садама расиданд. Барои берун овардани мусофирон аз экскаваторҳо истифода намуданд.
Тибқи иттилои пешакӣ, садама дар натиҷаи баланд бардоштани суръат ва аз даст додани назорат аз ҷониби ронандаи мошини боркаш рух додааст, хабар медиҳад tass.ru.









