Пул дар сарбанди Мачху дар наздикии шаҳри Морби зиёда аз 140 сол пеш сохта шуда буд. Он ду сол барои таъмир баста шуд. "Коммерсант" менависад, ки пули 26 октябр ифтитоҳшуда, 30 октябр фурӯ рехт.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар замони фоҷеа дар он беш аз 500 нафар будаанд.
Сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ гуфт, ки ҳукумат барои фурӯпошии купрук ҷавобгар аст. Ба ҷабрдидагон товони зарар ваъда шудааст. Наздикони қурбониён 2 миллион рупий (ҳудуди 24 ҳазор доллар) ва осебдидагон 50 000 рупий (ҳудуди 600 доллар) хоҳанд гирифт.