Рӯзи сешанбе, 20 январ, дар наздикии шаҳри Барселонаи Испания қаторае бо мусофирон аз релс берун шуд. Ин дуюмин ҳодисаи нохуш мебошад, ки рӯзҳои охир дар роҳи оҳани Испания рӯй додааст, хабар медиҳад El País.
Машинист ҳалок гардид, 37 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аз онҳо панҷ нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Рӯзҳои охир минтақа бар асари боронҳои шадид ва сел зарар дида буд. Инспектори хадамоти минтақавии сӯхторхомӯшкунии Каталония Клауди Гальярдо ба рӯзноманигорон гуфт, ки қатора бар асари ба рӯи роҳ фурӯ рехтани девори такягоҳ дар натиҷаи боришоти шадид аз роҳ баромадааст.
Хадамоти ёрии таъҷилӣ ба 37 мусофири ҷароҳатдида кӯмак расонд. Панҷ нафар дар ҳолати вазнин, шаш нафар дар ҳолати миёна қарор доранд ва 26 нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Ба иттилои хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, аксари ҷароҳатдидагон дар вагони аввал, ки бештар зарар дидааст, қарор доштанд.
Дар Каталония ҳаракати қаторҳо қатъ гардида, то “анҷоми корҳои санҷиши инфрасохтор” роҳандозӣ намешавад.
Ба маҳалли ҳодиса 36 мошини ёрии таъҷилӣ ва 72 наҷотбахш фиристода шуданд. Ба мусофирон кӯмаки равонӣ низ расонида мешавад, хабар медиҳад korrespondent.net.