Аз 1 январи соли 2022 оид ба пешниҳоди маълумот дар боари "Таърихи автомобил" дар асоси шартнома аз ҷониби Марказҳои хидматҳои давлатӣ, тавассути Портали ягонаи хидмати давлатии интерактивӣ ё сомонаҳо ва иловаҳои онҳо ҷорӣ намудани хидмати давлаӣ ба нақша гирифта шудааст.

"Таърихи воситаҳои нақлиёт" маълумоти зеринро дар бар мегирад:

  • санаи бақайдгирии давлатӣ;
  • масофаи тайкардаи мошин;
  • шартномаҳои шаҳрвандию ҳуқуқии ба имзо расондашуда;
  • ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ва ғайра.

Барои роҳандозии барномаи "Таърихи автомобил" бояд системаҳои иттилоотии идоравӣ, аз ҷумла: Вазорати корҳои дохилӣ (маълумот дар бораи автомобил), Вазорати адлия (шартномаҳо), Вазорати молия (суғурта), Вазорати нақлиёт (иҷозатнома барои ҳамлу нақл) бо ҳам пайваста шавад.

Тибқи лоиҳаи низомномаи маъмурӣ барои гирифтани маълумот ба марказҳои хидматҳои давлатӣ ё ба воситаи ПЯХДИ, ки  дар асоси он ба мақомоти дахлдор дархост фиристода мешавад, ариза дода мешавад.

Барои расондани хидматҳои давлатӣ аз ҷониби Маркази хидматҳои давлатӣ пешниҳод карда мешавад, ки ба миқдори  20  фоизи воҳиди ҳисоби базавӣ (ҳангоми тавассути Портали ягонаи хидмати давлатии интерактивӣ мустақилона муроҷиат кардан  90 фоизи ин маблағ) боҷ ситонда шавад.

Маълумоти гирифташуда хусусияти иттилоотӣ дошта, барои амалҳои минбаъдаи расмӣ асос ҳисоб намеёбад.

Лоиҳа тағйир ёфтанаш, илова ё бекор карда шуданаш мумкин,  хабар медиҳад "Norma".