Дар вилояти Ивановои Русия Хонаи савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт

    Тиҷорат 24 Aprel 2024 1375

    Дар шаҳри Иваново дар чаҳорчӯби роҳандозии ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши мол миёни вилоятҳои Ӯзбекистону Русия хонаи савдои кишвари мо кушода шуд.

    Хонаи савдоро Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон кушод. Дар маросими ифтитоҳи он сафир Ботирҷон Асадов, аъзои ҳукумати вилояти Иваново, раҳбарияти Палатаи савдо ва саноат, инчунин намояндагони соҳибкорони бузурги минтақа ширкат варзиданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Хонаи савдо маҳсулоти сифатнок ва рақобатпазирро аз доираи васеи саноати Ӯзбекистон бо нишони «Made in Uzbekistan» пешкаш ва ба фурӯш мебарорад.

    Сафири Ӯзбекистон зимни ифтитоҳ таъкид кард, ки дастгирии татбиқи ин лоиҳа аз ҷониби ҳукуматҳои ҳарду кишвар ҳадафи муштарак – фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодӣ, диверсификатсияи бозори содироту воридоти ду кишвар, ҳамчунин тавсеаи имкониятҳои тиҷорат барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон ва Русияро қайд менамояд.

    Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Иваново Леонид Иванов изҳор дошт, ки бозори Русия ҳамеша ба воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сафолӣ аз Ӯзбекистон манфиатдор буд ва ифтитоҳи Хонаи савдо дар Иваново як чизи нави марҳалаи муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates