Индекси солонаи нархҳои истеъмолӣ (ИНИ) 106,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат
ба моҳи июли соли 2025 (108,9 фоиз)
2,5 банди фоизӣ камтар
мебошад.
Дар моҳи июл нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоби миёна 0,9 фоиз поин рафт. Дар ҳамин ҳол,
нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 0,3 фоиз
ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,5
фоиз афзоиш ёфт.
Аз байни маҳсулоти хӯрокворӣ, афзоиши бештари нархҳо
барои сабзӣ (+12,6%), биринҷи дароздона (+6,4%), биринҷи мудаввар (+6,1%), лӯбиёи
мош (+4,2%) ва пиёз (+1,7%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар айни замон, коҳиши назарраси нархҳо барои бодинҷон
(-42,8%), қаламфури булғорӣ (-39,4%), помидор (-24,0%), тарбуз (-20,3%),
картошка (-18,0%), харбуза (-14,5%), шафтолу (-10,6%), бодиринг (-10,6%),
сирпиёз (-10,0%), нок (-7,1%), ангур (-6,6%), себ (-6,6%), банан (-6,6%) ва
тухм (-5,0%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар байни маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, нархи бензин ба таври
назаррас афзоиш ёфт: AI-98 ва AI-100 10.0%, AI-95 8.5% ва AI-92 3.9%.
Дар бахши хизматрасониҳо афзоиши нарх асосан бо баланд
шудани ҳаққи: баровардани партовҳои маишӣ — 2,7 фоиз; хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ — 2,4 фоиз; роҳкиро дар автобусҳои шаҳрӣ
— 1,4 фоиз вобаста
буд.
Барои ҳисоб кардани индекси нархҳои истеъмолӣ
мутахассисон зиёда аз 2 миллион мушоҳидаи
нархро дар беш аз 10 ҳазор
нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ анҷом доданд. Мониторинг 419 навъи молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ,
инчунин 98 намуди хизматрасониро
фаро гирифт.