Зимнан зикр гардид, ки ҳокимияти вилояти Сурхондарё, вазоратҳои дастгирии маҳалла ва оила, корҳои дохилӣ, маориф ва тандурустӣ ҷиҳати ҳифзи занон аз таъқибу зӯроварӣ, додани ордери ҳимоятӣ ба занони ба таъқибу зӯроварӣ дучоршуда, баланд бардоштани самарабахшии чорабиниҳо дар ин самт як қатор тадбирҳо меандешанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи занон аз таъқибу зӯроварӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи моҳият ва мазмуни қоидаҳои Қонуни мазкур 1124 чорабинӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 40 ҳазор нафар сокинони вилоят иштирок намуданд.

Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Сурхондарё ҳамагӣ 453 ордери муҳофизатӣ (ҳуҷҷате, ки ҳифозати давлатии қурбониёни зулм ва зӯровариро фароҳам меорад) дода шудааст, 243-тоаш ба занони аз 18 то 30- сола дода шудааст.

Дар рафти тадқиқот маълум гардид, ки дар 15 маврид ордерҳои муҳофизатӣ такрорӣ дода шудаанд, ки ин ба дараҷаи бояду шояд набудани чораҳои пешгирӣ кардани зуроварӣ дар вилоятро тасдиқ мекунад. Дар ҷаласаи Президиум ба ҳокими вилояти Сурхондарё Т. Боболов, муовини ҳокими вилоят – сардори раёсати дастгирии маҳалла ва оила Ф.Таиров тазаккур дода шуд, ки  сатҳи масъулияти шахсӣ ва мутобиқсозии саъю кӯшиш оиди хушсифат ва пурра татбиқ намудани қоидаҳои Қонуни мазкур дар маҳалҳо ба дараҷаи бояду шояд намебошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа роҳбарони ҳокимияти вилояти Сурхондарё ва вазорату идораҳои дахлдор зарурати боз ҳам беҳтар намудани кори ҳифзи занон аз зулм ва зӯроварӣ таъкид гардид. Дар ин бобат бояд ба инҳо  диққати махсус дод:

якум – такмил додани чораҳо оид ба тарғиби моҳият ва аҳамияти Қонуни мазкур, баланд бардоштани саводнокии ҷамъият дар масъалаҳои ҳифзи занон аз зулм ва зӯроварӣ; 

дуюм - коркарди низоми чораҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ бо мақсади рафъи ба вуҷуд омадани хатари ба ҳаёт ва саломатии занон таҳдидкунанда, инчунин пешгирии такрори амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби шахси содиркардаи зулм ва зӯроварӣ нисбати ҷабрдида; андешидани чораҳо оид ба пешгирии таъқиб ва зӯроварӣ, аз ҷумла муайян ва бартараф намудани шароит ва сабабҳое, ки ба содир шудани онҳо мусоидат мекунанд;

сеюм, кор карда баромадани системаи тадбирҳои солимгардонии заноне, ки аз таҷовузу зуроварӣ зарар дидаанд, инчунин заноне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ бо хоҳиш дар бораи додани ордери ҳимоя муроҷиат кардаанд; роҳ надодан ба вайрон кардани шартҳои ордерҳои муҳофизатӣ;

чорум – бо сифати баланд иҷро намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафъи камбудиҳое, ки ҳангоми омӯзиши рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи занон аз зулм ва зӯроварӣ» ошкор шудаанд, ки бо протоколи маҷлиси Президиуми Девони Вазирон тасдиқ шудааст.

Бинобар натиҷаи муҳокима қарори дахлдори протоколии Президиуми Девони Вазирон кабул шуд.