Бо назардошти аҳамияти геосиёсии ин лоиҳа дар миқёси глобалӣ ва нақши ташаббускоронаи Ӯзбекистон дар ташаккули долони нақлиётии Трансафғон, маросими имзои созишнома дар шаҳри Кобул баргузор гардид.
Имзои ин созишнома пеш аз ҳама, барои татбиқи зудтари лоиҳа, ташкили маркази ягонаи нақлиётии АвруОсиё ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байнидавлатӣ хидмат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи мувофиқаҳое, ки зимни мулоқоти сарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба даст омада буданд, аз тарафи коршиносони роҳи оҳани Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии роҳи оҳани «Тирмиз – Найбобод – Майданшаҳр – Логар – Харлачи» таҳия гардида буд.
Дар доираи ин лоиҳа то ба имрӯз аз тарафи давлатҳои иштирокдор корҳои ҳамоҳангсозии дохилӣ ва миёни маъмуриятҳои роҳи оҳани се мамлакат як қатор вохӯриҳо дар шакли видеоконференсия гузаронида шуданд.
Тибқи созишномаи имзошуда, фармоишгари асосии таҳияи ТИА (асоси техникӣ-иқтисодӣ) «Стратегияи рушди долонҳои рақамии байналмилалии нақлиёт» дар назди ҶСК “Ӯзбекистон темир йўллари” мебошад, ки моҳи майи соли 2023 чун Саридораи лоиҳаҳои сеҷониба таъсис ёфтааст. Ин идора дар шаҳрҳои Кобул ва Исломобод низ филиалҳо дорад.
Барои маълумот: 18 июли соли 2023 дар шаҳри Исломобод аз тарафи намояндагони се давлати иштирокдор долони ниҳоии лоиҳаи роҳи оҳани “Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон” – «Тирмиз – Найбобод – Майданшаҳр – Логар – Харлачи» мувофиқа гардид. Ҳамон сол Ҷамъияти саҳҳомии “Боштранслойиҳа” дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии “E&Y” (ширкати байналмилалӣ, ки дар чоргонаи беҳтарин қарор дорад) ҳуҷҷати асоси ибтидоии техникӣ-иқтисодии лоиҳаро таҳия карда буданд.












