Дар рӯзномаи машваратҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистон ва Миср, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҷой дода шудаанд.
Зимни чорабинӣ раванди татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ва баланд ҳосилшуда, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ мешавад.
Зимни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Қоҳира ҳамчунин як қатор гуфтушунидҳо дар вазорату идораҳои дахлдори Миср, мулоқотҳо бо ҳамватанон ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.