Дар ин бора шабакаи телевизионии CBC News хабар дод.
"Аз ҳама ҳайратовараш барои ман он буд, ки ман чанд дақиқа пеш аз суқут дар он ҷо истода будам," гуфт соҳиби хона ба шабакаи телевизионӣ.
Дар навор дида мешавад, ки дар болои айвон чангу ғубор баланд шуда, садои баланд шунида мешавад.
Баъд аз ҳодиса, соҳиби хона ба ҷамъоварии боқимондаҳои метеорит шурӯъ кард, то онҳоро ба муҳаққиқон супорад, хабар медиҳад tass.ru.
Олим аз Донишгоҳи Алберта таъкид кард, ки ин ҳодиса беназир аст, зеро ҳам садо ва ҳам тасвири суқути метеорит сабт шудааст. "Инро мо қаблан ҳеҷ гоҳ нашунида будем. Аз нуқтаи назари илмӣ, ин чизест нав," гуфт мутахассис.