Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати экология, дар ҷараёни рейд маълум шуд, ки дар ҳудуди мавзеи “Себатлӣ” 753 гиёҳи ферулаи тоҷикӣ осеб дида, решаи онҳо кофта ва бурида шудааст.
Барои маълумот, ферулаи тоҷик ба Китоби сурхи Ӯзбекистон шомил буда, дар кишвар мақоми камшавии саршуморро дорад. Зарари дар натичаи ин ходиса расида 372 миллиону 735 ҳазор сӯмро ташкил дод.
Ҳоло барои пешниҳоди минбаъда ба прокуратура ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.