Дар Қазоқистон барои ҳамла ба кормандони тиб ҷазои то 12 соли зиндон таъйин мешавад

    Илова бар ин, зӯроварие, ки барои ҳаёт ва саломатии кормандони тиб хатарнок нест, бо ҷарима то 7,6 ҳазор доллар, ё корҳои ҷамъиятӣ ба муҳлати то 600 соат, ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

    Маҷилис (палатаи поёнии) парлумони Қазоқистон қонунеро қабул кард, ки тибқи он барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кормандони тиб ва ронандагони бригадаҳои ёрии таъҷилӣ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 12 сол пешбинӣ шудааст. Ин қарор пас аз чанд ҳодисаи пурсарусадо қабул гардида, вакилон онро рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи умумӣ тасдиқ намуданд.

    Қонун ворид намудани моддаи нав ба Кодекси ҷиноятиро пешбинӣ мекунад, ки мувофиқи он истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кормандони тиб дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои вазнинкунанда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 12 сол ҷазо дода мешавад, ва бе чунин ҳолатҳо — аз 5 то 10 сол. Ҳамчунин, зӯроварие, ки барои ҳаёт ва саломатии кормандони тиб хатарнок нест, бо ҷарима то 7,6 ҳазор доллар, ё корҳои ҷамъиятӣ ба муҳлати то 600 соат, ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.

    Инчунин барои таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кормандони тиб низ ҷазо муқаррар мешавад, ки ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ барои чунин ҷиноят то се солро ташкил медиҳад.

    Қонун пас аз чанд ҳодисаи пурсарусадои ҳамла ба кормандони тиб қабул гардид. Аз ҷумла, дар беморхонаи вилоятии Қустанай як бемор ҷарроҳро латукӯб кард, ки дар натиҷа ӯ дар ҳолати вазнин ба бахши эҳёгарӣ интиқол ёфт. Баъд аз ин Президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев супориш дод, ки ҷазо барои чунин ҷиноятҳо сахттар карда шавад. Вазири тандурустӣ Акмарал Алназарова низ моҳи июл ба шаҳрвандон бо даъвати қатъи ҳамлаҳо муроҷиат намуда, хабар дод, ки дар беморхонаҳо бо ин сабаб муҳофизат пурзӯр карда шудааст, хабар медиҳад tass.ru.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates