Дар Чин захираҳои тиллои арзишашон тақрибан 83 миллиард доллар ошкор шуданд

    Дар музофоти Ҳунани Чин кони хеле калонтарини тилло ошкор гардид.

    Тавре Report бо истинод ба агентии Xinhua хабар медиҳад, дар ин бора Идораи геологии музофот иттилоъ додааст.

    Геологҳо зиёда аз 40 қитъаи тиллоии дорои 300 тонна тилло дар умқи 2 ҳазор метр таҳти кони Вангу, воқеъ дар ноҳияи Пинсян, ошкор карданд.

    Захираҳои металлҳои қиматбаҳо дар ҷойҳое, ки дар умқи 3 ҳазор метр қарор доранд, ба зиёда аз 1 ҳазор тонна, ё ба маблағи 600 миллиард юан (тақрибан 83 миллиард доллар) арзёбӣ мешаванд.

    Чен Жулин, коршиноси соҳаи ҷустуҷӯи маъданҳо, хабар додааст, ки дар сангҳои кӯҳии тӯлкобида (кернҳо), тиллои намоён ошкор шудааст. Як тонна маъдан дар умқи 2 ҳазор метр то 138 грамм тилло дар бар доштааст.

    Дар кони Вангу аз технологияи нави ҷустуҷӯ, ба монанди моделсозии геологии 3D истифода бурдаанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates