Дар Қўқанд аввалин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва сайёҳии Фарғона баргузор гардид

    Сайёҳӣ 21 Oktabr 2024 1474

    Дар Қўқанд бо дастгирии Кумитаи сайёҳӣ аввалин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва сайёҳии Фарғона таҳти мавзӯи “Фарғона – дурдонаи водӣ. Дурнамои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ" баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ намояндагони ҳудуди сӣ кишвар, аз ҷумла Кувайт, Туркия, Венгрия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар ва АМА – дар маҷмӯъ ҳудуди 200 ширкат иштирок доштанд.

    Дар маросими ифтитоҳи форуми байналмилалӣ муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳӣ Ҷамшед Абдусаламов суханронӣ кард.

    Иштирокдорони форум аз корхонаҳои саноатии минтақаи озоди иқтисодии «Қўқанд» дидан карда, бо намоишгоҳи саноатӣ ва ҳунармандии «Made in Fergana» шинос шуданд.

    Дар ҷаласаҳои панелӣ, ки дар маҷмааи “Урда” бо иштироки кишварҳои хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ташкил шудааст, дар мавзӯъҳои кооператсияи саноатӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инфрасохтори сайёҳӣ гуфтугӯ сурат гирифт. Лоиҳаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ гардида, дар формати B2B гуфтушунидҳо сурат гирифтанд

    Аз рӯи ҷамъбасти форум дар чунин соҳаҳо аз қабили сармоягузорӣ, сайёҳӣ, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, хидматрасониҳои IT, электротехника ва кишоварзӣ қарордод ва меморандумҳо имзо шуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates