Дар ин бора бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ “Al Arabia” хабар додааст.

«Чаҳордаҳ ҳолати марг дар департаментҳои Кордова ва Сукре сабт шудааст, ҳадди ақал 9000 хона зарар дидааст. Дар ярче, ки дар департаменти ҷанубу ғарбии Наринйо рух дод, ҳафт нафар ҳалок шуданд», — гуфта мешавад дар хабар.

Таъкид мегардад, ки дар ин фасли сол чунин боришоти шадид барои Колумбия падидаи камназир аст. Ба гуфтаи мутахассисон, тағйирёбии иқлим тавозуни обу ҳаворо дар Колумбия, ки кишвари тропикӣ буда, давраҳои мавсимии дақиқ надорад, халалдор мекунад, менависад report.az.