Дар Қирғизистон нахустин ҳамоиш-конфронси занони бахши энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

    Энергетика 10 Avgust 2022 1283

    9 августи соли равон дар шаҳри Чӯлпонотаи Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин ҳамоиш-конфронси занони соҳаи энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард. Дар он таҳти сарварии мушовири вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сиёсати иттилоотӣ ва раиси шӯро оид ба масъалаҳои гендерӣ намояндагони корхонаҳои низом, аз ҷумла ҶС "Неругоҳҳои ҳароратии барқӣ" иштирок карданд.

    Ба гуфтаи созмондиҳандагони чорабинӣ, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ташаккули ҳамкорӣ дар самти намоиши нерӯи худ ба занони корманд дар бахши энержӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани заминаи зарурӣ мебошад.

    Ҳамоиш дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ»-и Ассотсиатсияи «Зан дар энергетика»-и Қирғизистон ва Оҷонси рушди байналмилалии USAID (ИМА) ташкил шудааст.

    Дар он занони энергетики Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок доранд.

    Зимни баромадҳо ва гуфтушунидҳо масъалаҳои мубрами густариши сафи занон дар соҳаи энергетика, болоравии касбии онҳо, рафъи монеаҳое, ки дар фаъолияти касбӣ ва ҳаёти шахсии онҳо ба миён меоянд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

    «Дар ҶС «НБҲ» зиёда аз ду ҳазор нафар занон кор мекунанд. Барои дастгирӣ кардан, кумак расондан болоравии касбӣ, такмил додани ихтисос, ёрии иҷтимоӣ кори доимӣ бурда мешавад. Иштироки мо дар ин чорабинӣ барои ба сатҳи нав боло бурдани корамон хизмат мекунад, – гуфт раиси Кумитаи занони ҶС «НБҲ" Зӯҳро Бобомуродова.

    Ҳамоиш-конфронс имрӯз кори худро ба анҷом мерасонад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates