Қирғизистон мизбони Бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ дар Иссиқкӯл мешавад

    Варзиш 8 Sentabr 2023 1270

    “Осиё – минтақаи иттиҳод ва сулҳ” – таҳти ҳамин шиор аз 10 то 18 сентябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон Бозиҳои байналмилалии варзишии Иссиқкӯл оғоз мешаванд, ки аллакай ба анъана даромадаанд.

    Имсол дар ин мусобиқа ҳудуди 3500 варзишгар аз кишварҳои ИДМ ва СҲШ ширкат хоҳанд кард.

    Мусобиқаҳо дар байни командаҳои мардонаю занона алоҳида аз рӯи 22 намуди спорт гузаронда мешаванд. Ба барномаи бозиҳо волейбол, волейболи соҳилӣ, вазнбардорӣ, варзиши сабук, футболи хурд, футболи соҳилӣ, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, гӯштини соҳилӣ, ресмонкашӣ, самбои соҳилӣ, армрестлинг, мас-рестлинг, стритбол, дартс ва ғайра дохил карда шудаанд.

    Аз рӯи ҳар як намуди спорт, ки ба программаи бозиҳо дохиланд, чемпионатҳои индивидуалӣ оид ба намудҳои варзиш ва чемпионати командавӣ аз рӯи намудҳои командавӣ ва ҷамоавӣ гузаронда мешаванд.

    Иштирокчиёне, ки дар сабқати инфиродӣ ҷойҳои 1 то 3-ро мегиранд, бо медалу дипломҳо сарфароз гардонда мешаванд. Ба мусобиқаҳо аз варзишгарони аз 18-сола боло роҳ дода мешаванд.

    Ташкилотчиёни мусобиқа Агентии давлатии оид ба корҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти иттифоқҳои касабаи ихтиёрии варзишӣ мебошанд. Чорабинӣ бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates