Дар мулоқот ҷониби  Ўзбекистонро ҳайат таҳти иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад АИ “Дунё”.  

Дар музокироти Ӯзбекистону Амрико дар назар аст, ки вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Амрико дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шавад.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 13 декабри соли 2021 дар Тошканд нахустин нишасти Муколамаи шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шуда, дар он ҳайати Амрикоро ёвари котиби давлатии ИМА Доналд Лу низ раҳбарӣ кард.