Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Ўзбекистон бо СММ ва ниҳодҳои он бинобар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Ғ.Фозилов ба намояндагони Созмон дар бораи самтҳои асосии ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон, аз ҷумла Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026, ки ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ комилан мувофиқ аст, маълумот дод.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар доираи Стратегияи миллии Ӯзбекистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор зоҳир гардид. Гви Йеоп Сон кайд кард, ки ин стратегия хеле бомуваффақият амалӣ мегардад.
Доир ба густариши ҳамкорӣ дар самти рафъи оқибатҳои фалокати экологии баҳри Арал, аз ҷумла тавассути Фонди бисёршарикии трастӣ оид ба амнияти башарии СММ барои минтақаи баҳри Арал табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти музокирот ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.