Дар мулоқот пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкориҳои сиёсиву дипломатӣ бо ин кишварҳо, равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, табодули фарҳангӣ, гуманитарӣ, илмию академӣ, инчунин робитаҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

Ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои муштарак барои соли ҷорӣ дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.