Ҳолати кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Маркази минтақавӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба татбиқи муштараки лоиҳаҳое, ки ба таъмини суботу амният дар минтақа, муқовимат ба оқибатҳои манфии чолишҳои экологӣ, инчунин таҳкими иқтидори нақлиётию транзитӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.