Дар Вазорати энергетика бо ҳайати Бонки осиёии рушд мулоқот баргузор гардид

    Сармояҳо 7 Noyabr 2022 1191

    Ба қарибӣ дар Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон бо аъзои ҳайат таҳти роҳбарии ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиксен Чен мулоқот баргузор гардид.

    Тавре дар мулоқот зикр гардид, дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд барои рушди соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ мешаванд.

    Бонки осиёии рушд шарики дарозмуддати стратегӣ буда, на танҳо рушди бахши барқро маблағгузорӣ мекунад, балки дар ислоҳоти фарогир дар Ӯзбекистон низ ширкат мекунад.

    Дар тӯли солҳои охир таҳти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба рушди бахши энергетикӣ дар асоси тамоюлҳои бозор диққати махсус дода мешавад.

    Дар ин робита барномаи шарикии давлатию хусусӣ дар Ӯзбекистон бо дастгирии бонк тасдиқ шуд. Дар навбати аввал, Қонун «Дар бораи шарикии давлатию хусусӣ" қабул гардид.

    Дар вилояти Сурхондарё барои сохтмони неругоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 457 МВт тендер гузаронда шуд. Зиёда аз 80 ширкати бонуфузи байналмилалӣ хоҳиши ширкат дар ин тендерро изҳор доштанд. Ин, дар навбати худ, аз таваҷҷуҳи зиёди сармоягузорони хориҷӣ ба рушди лоиҳаҳои энержии офтобӣ дар Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.

    Ҳамчунин, тендер барои бунёди неругоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар ноҳияи Ғӯзори вилояти Қашқадарё бо иқтитори 300 МВт бо низоми ғункунии энергия гузаронда мешавад.

    Илова бар ин, бо мусоидати коршиносони бонк корҳои мураккаби омодагӣ ҷиҳати эълони тендер барои сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии офтобии иқтидораш 100 МВт дар вилояти Фарғона идома доранд.

    Ҳамчунин, бо мусоидати Бонки осиёии рушд тавсеаи Неругоҳи барқи обии Талимарҷон бо насби ду таҷҳизоти буғугазӣ бо иқтидори умумии на камтар аз 900 МВт, ҳамчунин лоиҳаи таҷдид ва сохтмони зеристгоҳи Зафаробод ва хатти интиқоли барқи 220 кВт, ки НБГ-и Сирдарёро мепайвандад, татбиқ мегардад.

    Дар чаҳорчӯби сафар ҳайат бо рафти татбиқи лоиҳаҳо дар вилоятҳои Самарқанд ва Навоӣ шинос шуданд, хабар медиҳад хидмати матуботи Вазорати энергетика.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates