Дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон бо ҳайати вакилони вилояти Омск гуфтушунид барпо гардид

    Саноат 27 Aprel 2022 1497

    26 апрели соли 2022 дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон бо ҳайати вилояти Омск бо роҳбарии губернатори он Александр Бурков гуфтушунид баргузор гардид.

    Муовини якуми вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азим Аҳмадхоҷаев раиси ҳукумати вилояти Омск ва аъзои ҳайатро хайра мақдам гуфта, дурнамои бузурги ҳамкории энергетикии ҷонибҳоро дар самтҳои гуногун қайд намуд.

    Дар навбати худ А.Бурков гуфт, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии вилояти Омск мебошад. Дар баробари ин соҳаи босуръат тараққӣ кардаистодаи энергетика барои ҳамкорӣ пешомадҳои нав мекушояд.

    Ҷонибҳо имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи рақамӣ, аз ҷумла истифодаи дастгоҳҳо ва системаҳои зеҳнӣ барои шабакаҳои барқии ҶДММ «НПО МИР», интиқоли дегхонаҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии ҶСП «Заводи технологияҳои инноватсионии Омск», инчунин имконияти бо ин корхона барпо намудани истеҳсолоти муштаракро баррасӣ намуданд.

    Зимни баррасӣ губернатори вилояти Омск дар бораи имкониятҳои бахши саноатӣ оид ба таъминот ва ҳамкорӣ дар истеҳсоли маҳсулот барои бахши энергетикаи Ӯзбекистон муфассал тақдимот намуд.

    «Ман итминон дорам, ки ҳамкории корхонаҳои мо дар соҳаи энергетика ҳамкориҳои вилояти Омск ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад», — таъкид кард А.Бурков.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates