Кормандони Ситод бо соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони ватанӣ бо мақсади муайян намудани мушкилоти системавӣ ва хусусие, ки дар амал дучор меоянд, ба таври мақсаднок ҳамкорӣ мекунанд.

Маълумоти гирифташуда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад, ки дар натиҷаи он барои бартараф кардани мушкилоти системавӣ пешниҳодҳо ва алгоритмҳо таҳия карда мешаванд. Масъалаҳои мушкили соҳибкорон низ бодиққат омӯхта шуда, ба вазорату идораҳои масъул ҷиҳати зудтар бартараф намудани мушкилоти ошкоршуда дастуру супоришҳо фиристода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ситод механизми назорати самаранокии тадбирҳои амалӣ ҷорӣ карда шудааст: зергурӯҳи дахлдори ҳамоҳангсоз тавассути ҳамкории мустақим бо соҳибкорон муайян мекунад, ки вазорату идораҳои дахлдор ба муроҷиати воридшуда то чӣ андоза зуд ва муассир посух додаанд.

Дар охири ҳар рӯз ҷамъбасти фаврии натиҷаи кори Ситод тартиб дода мешавад, ки барои таҳлили минбаъда ба Комиссияи ҳукуматӣ оид ба савдои хориҷӣ, сармоягузорӣ, рушди саноати маҳаллӣ ва танзими техникӣ ирсол карда мешавад.

Мушкилоти системавӣ, ки дар ҷараёни таҳлили мазкур муайян шудаанд, инчунин бо мақсади таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди саноат ва ташаккули иқтидори содиротӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави дастгирии молиявии соҳибкорон, бунёди маршрутҳои нави фоидаовартари логистика, ворид шудан ба бозорҳои нави ояндадор ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои сармоягузорӣ, тиҷоратию иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ ҳамаҷониба омӯхта мешаванд.

Ситод шабонарӯзӣ кор мекунад, ки ба шарофати он соҳибкорон ва содиркунандагон метавонанд бо мушкили худ дар ҳар лаҳза тамос гиранд, ки ҳарчӣ зудтар омӯхта ва ҳал карда мешаванд, инчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худ маслиҳат гиранд.

Муроҷиатҳо инчунин ба воситаи кол-маркази Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ўзбекистон бо мингбаъд ба таври таъҷилӣ исол намудан ба Ситод қабул карда мешаванд.

 

Хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон.