Ин маълумот дурӯғ буда, ба ҳақиқат комилан мувофиқат намекунад.

Сарҳади давлатии Ӯзбекистон ва Афғонистон пурра таҳти назорати низомиёни Ӯзбекистон қарор дорад, вазъ мӯътадил аст.

«Бо назардошти гуфтаҳои боло, мо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки танҳо ба манбаъҳои расмии иттилоот такя кунанд», - гуфта мешавад дар паём.