Дар ВССХ пешомадҳои зиёд кардани содирот ба Куриё баррасӣ гардид

    Тиҷорат 28 Iyun 2022 1758

    Чанде пеш дар бинои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ бо иштироки роҳбарони беш аз 50 корхонаи Ӯзбекистон, ки ба бозори Куриё содирот анҷом медиҳанд, суҳбати "мизи мудаввар" баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ содиркунандагон мушкилоти мавҷудаеро, ки дар фаъолияти худ дучор меоянд, иброз намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Корея пешниҳодҳои худро баён намуданд.

    Дар чорабинӣ инчунин масъулини шӯъбаҳои дахлдори ВССХ, намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Куриёи Ҷанубӣ, вазорату идораҳои манфиатдор ва мақомоти маҳаллӣ ширкат варзиданд.

    Содиркунандагон бо тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати дастгирии содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозорҳои хориҷӣ андешидашуда, инчунин дурнамои назарраси афзоиши савдо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати нассоҷӣ, кимиё ва хӯрокворӣ шинос карда шуданд.

    Бо дарназардошти ташкили миссияҳои тиҷории мутақобила ва намоишгоҳҳои саноатӣ зарурати барқарор кардани муносибатҳои наздик ва эътимодбахши доираҳои тиҷоратии ду кишвар қайд карда шуд.

    Намояндагони доираҳои тиҷоратии ватанӣ барои ширкат дар миссияи тиҷорӣ бо иштироки тақрибан 200 намояндаи ширкатҳои кореягӣ, ки аз 3 то 7 июли соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, даъват шудаанд. Дар доираи миссия баргузор намудани анҷуманҳои тиҷоратӣ дар Тошканд, вилоятҳои Тошканд ва Сирдарё, мулоқотҳои дуҷониба дар шакли "B2B" ва "B2G", инчунин боздид аз корхонаҳои бузурги саноатии кишварамон ба назар гирифта шудааст.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба мунтазам баргузор намудани чунин чорабиниҳо тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates