Дар Москва бар асари ҳамлаи дронҳо дар ҳудуди технопарк сӯхтор рух дод

    Дар натиҷаи ҳамлаи дронҳо 28 май дар Зеленогради Москва дар ҳудуди технопарки "Элма" сӯхтор ба амал омад ва бинои он осеб дид. Дар бораи ин воқеа каналҳои Телеграм хабар медиҳанд.

    Ба гуфтаи шаҳрдори Москва Сергей Собянин, гӯё қувваҳои мудофиаи ҳавоии Русия 33 дронро сарнагун кардаанд.

    Зеленоград яке аз дувоздаҳ округи Москва буда, пурра берун аз ҳалқаи шоҳроҳи Москва (МКАД), дар масофаи 37 км дар самти шимолу ғарби маркази шаҳр ҷойгир аст. Зеленоград аз 5 ноҳияи маъмурӣ иборат аст ва онро маркази асосии илмӣ-саноатии электроника ва микроэлектроникаи Русия мешуморанд.

    Тибқи маълумоти манбаъҳои боз, самтҳои асосии фаъолияти технопарки "Элма" (масоҳати умумиаш 60 ҳазор метри мураббаъ) аз истеҳсоли таҷҳизоти электронии техникӣ, асбобҳои назоратӣ-ченкунӣ, техникаи оптикӣ, соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳо иборатанд, хабар медиҳад korrespondent.net.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates