Шахсе аз ноҳияи Косонсой ҳангоми фурӯши 2100 қуттӣ дору бо номи «Ферромед» ба харидори “шартӣ" бо нархи 168 миллион сӯм бо далелҳои шайъӣ дастгир шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти амнияти давлатӣ, ин доруҳо дар Ҳиндустон истеҳсол гардида, дар реестри давлатӣ сабт нашудаанд ва сертификати мутобиқат надоранд.
Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ низ аз хонаи гумонбар 4296 қуттӣ доруи «Ферромед» дарёфт шуд.
Тибқи ҳисоботи арзёбӣ, арзиши умумии ҷамъ 6396 қуттӣ дору 1,223 миллиард сӯмро ташкил мекунад.
Ҳоло нисбат ин қонуншикан тибқи банди сеюми моддаи 186 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар ҳолате, ки дар шаҳри Намангон ошкор гардид, 3 манзили ғайризистии мудири анбори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд, ки бо савдои воситаҳои доруворӣ машғул аст ва ду нафар шиноси ӯ тафтиш карда шуд.
Дар натиҷа ҷамъ 195323 дона 2307 навъи доруи беҳуҷҷат, ки тахмини 12.8 миллиард сӯм арзиш доранд, тибқи тартиби протсесуалӣ ба рӯйхат гирифта шуд.
Ҳоло нисбат ба ин воситаҳои доруворӣ суд экспертизаҳои кимиёвӣ, молшиносиро таъин кардааст.
Аз рӯйи ҳолат ҳаракатҳои санҷишии то ба тафтиш идома доранд.
Дар ҳолати дигар, аз ду “анбори пинҳонӣ” дар шаҳри Намангон ва ноҳияи Уйчи 54561 дона 128 навъи дору, ки дар хориҷ истеҳсол гардида, тахминан 1.2 миллиард сӯм арзиш доранд, тибқи тартиби протсесуалӣ ба рӯйхат гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки муҳлати истифодаи баъзе аз ин доруҳо, ки сертификати сифат надоранд, гузаштааст. Ҳоло доруҳо барои экспертиза фиристода шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.










