Дар Намангон форуми байналмилалии ТИК Namangan Tech Summit баргузор мешавад

    Насли оянда 11 May 2023 3428

    Дар доираи Ҷашнвораи анъанавии 62-юми гулҳо дар Намангон 22-23 май форуми байналмилалии ТИК Namangan Tech Summit баргузор мешавад.

    Namangan Tech Summit - ин имконияти хуб барои ҷавонони Намангон мебошад, ки шавқу рағбати ворид шудан ба саноати IT, ривоҷ додани фаъолияту тиҷорати худро дар миқёси ҷаҳонӣ доранд.

    Чорабинӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Намангон дар ҳамкорӣ бо Namangan Tech Community ва IT Park баргузор карда мешавад. Дар ин ҳамоиш мутахассисони рақамӣ, барномасозон ва менеҷероне, ки дар ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон кор мекунанд, инчунин истеъдодҳои ҷавони маҳаллӣ ва намояндагони ширкатҳои IT-ро муттаҳид мекунанд.

    Дар чаҳорчӯби Namangan Tech Summit дар мавзӯъҳои зерин машғулиятҳо гузаронда мешаванд: чӣ тавр ба соҳаи технология ва IT дохил шудан; кор кардан ҳамчун резиденти IT Park ё фрилансер; содироти хадамоти ТАК (нармафзор, тарроҳӣ, BPO, логистика); вебсайт, маркетинги рақамӣ, SEO/SMM; барномаҳои мобилӣ; Тарҳрезии UI ва UX.

    Иштирок дар чорабинӣ ба шумо имкон медиҳад, ки ҷаҳонбинии худро васеъ кунед, бо технологияҳои нав шинос шавед, дар бораи тамоюлҳо ва дурнамои рушди бахши IT маълумот гиред.

    Шумо метавонед то 22 майи соли равон тавассути сабти ном дар ин линк узви форум шавед.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates