Дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ дар боғи ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар майдони 8 гектар 250 гулпарварон аз минтақаҳои кишварамон, инчунин аз 50 кишвари хориҷӣ, намояндагони санъати икебана, ороишгарони ландшафт санъати гулпарварии худро намоиш медиҳанд, хабар медиҳад агентии «Дунё».
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи гул дар Намангон аз соли 1961 инҷониб баргузор мешавад ва барои ҳар як ӯзбекистонӣ як чорабинии бошукӯҳест, ки рангҳои бойи растаниҳои мавҷуда ва фарҳанги гулро инъикос мекунад.
Ҷашнвора то 21 июн давом мекунад.