Дар ноҳияи Нарпай корхонаи истеҳсоли коғазҳои саноатӣ ба кор даромад

    Саноат 4 Noyabr 2022 1066

    Бо ҳамоҳангсозии зершуъбаи минтақавии самарқандии Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дар ноҳияи Нарпайи вилояти Самрақанд лоиҳаи замонавӣ, дар Осиёи Марказӣ ягонаи истеҳсоли когазҳои намудҳояшон мухталиф ба роҳ монда шуд, ки дар саноат истифода мешаванд.

    Арзиши лоиҳае, ки ҶММ «NBA ALLIANZ» амалӣ мекунад, 13 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 5,5 миллион доллари он сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур, ки ба барномаи маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулоти воридшаванда шомил мебошад, соле ба истеҳсол намудани 30 ҳазор тонна намудҳои гуногуни ба содирот нигарондашудаи картон пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, ҳаҷми содирот на камтар аз 5 миллион долларро ташкил медиҳад.

    Дар натиҷаи роҳандозии лоиҳа 80 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар семоҳаи якуми соли 2023 корхона ба нақша гирифтааст, ки фаъолияташро васеъ гардонда, иловагӣ 70 ҷойи нави корӣ созмон диҳад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates