Ду сокини ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро, соли таваллудашон 1987 ва 1993, бо харидор барои фурӯши 212,9 грамм тилло дар шакли хӯлаҳо ба маблағи 340 миллион сӯм мувофиқа кардаанд.

Онҳо ба харидор 26,3 грамм тиллои пробаи 999-умро  супурда, аз ӯ 20 ҳазор доллари ИМА ва 100 миллион сӯм гирифтаанд ва ваъда додаанд, ки қисми боқимондаи тиллоро баъдтар месупоранд. Дар ҳамин лаҳза онҳо бо далелҳои шайъӣ боздошт шуданд.

Ҳамчунин муайян гардид, ки яке аз боздоштшудагон дар хонаи худ коргоҳи пинҳонӣ барои ҷудо кардани тилло аз рег ташкил кардааст.

Нисбат ба ҳар ду нафар тибқи банди «а»-и қисми 4 моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни ҳол амалҳои тафтишотӣ идома доранд.