Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи таҷдиди хатҳои баландшиддати интиқоли Л-ДОК-1 ва Л-ДОК-2 шабакаҳои кӯҳнаи ҳавоӣ ба инфрасохтори муосири кабелӣ иваз карда мешаванд.
Корҳои таъмирӣ аз сабаби фарсудашавии ҷисмонӣ ва маънавии шабакаҳои мавҷудаи коммуникатсионӣ ва барқӣ амалӣ мегарданд. Тибқи тавсияҳои коршиносон, ин раванд махсус барои мавсими баҳор - пеш аз фарорасии ҳавои гарм ва афзудани талабот ба барқ ба нақша гирифта шудааст. Ин барои нисбатан сабук қабул кардани қатъшавиҳо аз ҷониби аҳолӣ имкон медиҳад, - омадааст дар хабар.
Бо мақсади таъмини сифат, бехатарӣ ва суръати кор, инчунин пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дар мавсими тобистон қувваю воситаҳои зерин сафарбар карда мешаванд:
— техникаи махсус — 39-то
— техника — 20-то
— бригадаҳо — 6-то
— коргарон — 132 нафар
— 21672 метр шабакаи барқӣ бо кабели нав иваз карда мешаванд.
Маҳаллаҳои «Аҳил», «Элпарвар», «Иброҳим ота», «Гулзор», «Қорасарой», «Олтинсой», «Мояриқ», «Мискин»-и ноҳияи Олмазор. Инчунин, дар муассисаҳои умумӣ ва хусусии истеъмолии ин минтақаҳо муваққатан барқ қатъ карда мешаванд.
Дар маҳаллаҳои «Астраобод», «Туркистон», «Минг чинор», «Нурмакон», «Собиробод», «Ҳамкоробод», «Катта Ҳасанбой», «Шарқ ҳақиқати», «Регистон», «Йўлариқ», «Уч қаҳрамон»-и ноҳияи Юнусобод низ муваққатан интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Қатъи нерӯи барқ ҳамарӯза аз соати 08:00 то 18:00, яъне дар вақти сарбории камтарини шабака сурат мегирад.
Поликлиника, мактаб, кӯдакистонҳо барин муассисаҳои иҷтимоӣ ба воситаи генераторҳои сайёри дизелӣ бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.