Дар ин бора Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли СММ дар як чорабинӣ бахшида ба истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар ҳошияи нишасти системаҳои ғизоӣ дар Рим баргузор шуд, изҳор дошт, хабар медиҳад портали “Навгониҳои СММ”.

Дар суханронии худ муовини якуми Дабири кулли СММ зарурати фаврии истифодаи технологияи кайҳонӣ барои суръат бахшидан ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устуворро таъкид кард.

"Системаҳои боз ҳам устувортар тавассути ҳавасмандгардонии дигаргуниҳои кишоварзӣ ва рушди иқтисодӣ, инчунин ба ҳифзи муҳити зист ва саломатии осебпазиртарин, аз ҷумла занон, кӯдакон, ҷавонон ва ҷамоатҳои дар канормондашуда мусоидат намуда, ба одамон ва сайёра беҳтар хидмат хоҳанд кард" гуфт ӯ.

Дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ - аз муноқишаҳо то COVID-19 ва бӯҳрони иқлим - пайдоиши воситаҳои нав, бахусус "кишоварзии рақамӣ"-ро танҳо истиқбол кардан мумкин аст: моҳвораҳо ва таҳқиқи фосилавӣ имкони васеъ барои оптимизатсияи истеҳсоли ғизо ва таҳияи стратегияҳои мақсаднок фароҳам меоранд.

Технологияҳои кайҳонӣ аллакай самарабахшии худро нишон дода истодаанд — татбиқи онҳо метавонад ҳосилнокии хоҷагиҳои фермериро баланд бардорад, харочоти моддиро кам кунад, шароити заминро бехтар ва ба тагйирёбии иқлим мубориза барад. Ин технологияҳои инноватсионӣ инчунин имкон медиҳанд, ки бемориҳои растанӣ назорат карда шаванд ва ҳосилро пешгӯӣ кунанд.

То имрӯз, технологияҳои кайҳонӣ барои мониторинги ҳосил, арзёбии эҳтимолияти хушксолӣ, таҳлили бозор ва барои ҳисоб кардани рушди биомасса ва истеъмоли об истифода мешаванд. Онҳо барои идоракунии зироатҳо ва ҳисоб кардани миқдори об барои обёрӣ истифода мешаванд, инчунин барои мубориза бо таҳдидҳои ҷиддӣ ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кумак мекунанд.

Масалан, технологияи аэрокайҳонӣ дар таҳияи системаи пешгирӣ оиди пайдоиши барвақти малахи биёбон муфид аст. Ин система маълумотҳоро аз моҳвораии дурдаст ва микробесарнишинҳо барои таҳлил ва моделсозии вазъият муттаҳид мекунад.