Дар Париж истиқболи омодасозии муштараки кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи энергетика барои Ӯзбекистон баррасӣ шуд

    Энергетика 22 Fevral 2022 1427

    Дар сафорати Ӯзбекистон бо мақсади такмили низоми омодасозии кадрҳои миллӣ дар соҳаи энергетика дар асоси таҷрибаи муосир бо директори Мактаби миллии илмҳои амалии Луара (Institut National des Sciences Appliquées - INSA) Ян Шамаяр ва намояндагони яке аз ширкатҳои пешқадами энергетикии Франция ENEDIS мулоқот баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ доир ба ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт маълумот дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки азбаски энергетика яке аз самтҳои стратегии рушди босуръати давлат ба шумор меравад, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар ин самт муҳим аст.

    Директори Мактаби миллии илмҳои амалӣ Ян Шамаяр таваҷҷуҳи дар Ӯзбекистон ба омода намудани мутахассисон дар соҳаи энергетикаро бо камоли майл қайд намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои дахлдори кишвар дар ин самт изҳор дошт.

    Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар INSA 1660 донишҷӯ таҳсил мекунанд. 17 дарсади онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Хароҷоти марбут ба таҳсил ва зиндагии ҷавонони хориҷӣ аз ҳисоби стипендияҳои аз ҷониби ҳукумати Фаронса ва барномаи Erasmus-и Иттиҳоди Аврупо таъминшуда маблағгузорӣ карда мешавад.

    Дар институт ба кори илмию тадқиқотӣ низ диққати калон дода мешавад. Дар ҳудуди он ду лаборатория мавҷуд аст. Инчунин, дар донишгоҳ хати ҳамкориҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо муассисаҳои таълимии Бразилия, Италия, Марокаш, Чин ва Зеландияи Нав робитаҳои мустаҳкам вуҷуд доранд. Дар Ветнам филиали донишкада кушода шуд, хабар медихад агентии ахбори «Дунё».

    Намояндагони Мактаби миллӣ ҳавасмандии худро аз ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар омода кардани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи энергетика изҳор намуданд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо дастгирии ширкати энергетикии ENEDIS ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates