Иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон дар Пекин муаррифӣ шуд

    Дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба ифтитоҳи намоишгоҳи "Shenzhen AllFood Expo 2022" Сафорати Ӯзбекистон дар Чин муаррифии иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзии кишварамонро баргузор намуд.

    Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони озуқавории Чин баргузор шуд, дар бораи имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар Ӯзбекистон, сифати баланди онҳо, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, маълумоти муфассал дода шуд. Сармоягузорони хориҷӣ барои ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳодҳо гирифтанд.

    Намоишгоҳи "Shenzhen AllFood Expo 2022", ки дар шаҳри Шенҷени Чин ифтитоҳ мешавад, то 26 август идома хоҳад кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Дар он беш аз 1,5 ҳазор намоишгар аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Юнон, Белгия, Африқои Ҷанубӣ, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Шри-Ланка ва Булғористон бо маҳсулоти худ ширкат мекунанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates